СУҒД. Имрӯз тибқи нақша намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон ояндаи миллати мо» дар хобгоҳи коллечи тиббии шахри Хучанд суҳбат доир карда шуд. Дар суҳбат роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсонҷон Исоев суханронӣ намуд. Сипас мудири бахши кор ҷавонони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оиди аз байн бурдани таасуби динӣ аз хурофотпарастӣ, баландбардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва омили асоссии нигоҳ доштани сулҳу суббот ва амнияти кишвар баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо