ХАТЛОН. Саннаи 7-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳриЛевакант Конференсияи илмӣ амалӣ бахшида ба 24-солагии ҲХДТ таҳти унвони «ҲХДТ-ҳизби пирўз ва пешоҳанги ҷомеа » баргузор гардид. Дар Конференсияи мазкур роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ризомова Гуландом таҳти унвони «Роҳнамои мо ҷавонон Пешвои миллат аст» иштирок ва суханронӣ намуданд, инчунин кормандони ҷамоатҳо, омузгорони ҷавон, кормандони ҷавони беморхона, занону ҷавонон аз корхонаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ширкат доштанд. Сипас ба аъзоёни ҷавони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисиҳо билетҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ таќдим карда шуд. Инчунин ба фаъолони ҲХДТ, ки саҳми арзандаи худро дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ гузоштанд, бахшида ба 24-солагии ҲХДТ аз тарафи Кумита Сипосномаи ҳизбӣ таќдим карда шуд. Дар охир иштирокдорони Конференсия ба худ ѓизои манавӣ гирифта, миннатдоргии худро баён намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо