ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш саннаи 05.12.2018 вохурию суҳбат дар мавзуи «Хислатҳои номатлуб доғи ҷомеъа» бо ҷавонони маҳаллаи Ленини ҷамоати шаҳраки Киров баргузор намуд.Зимни вохурии мазкур бо ҷавонон роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»- и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров ёдовар шуданд,ки инсонро дар ҳаётдар ҳамалаҳзаҳо одоби накў,сухани ботамкин ва меҳрубонию латифиҳои нозук мебояд.Бахусус , шарму ҳаё , иффату покдоманӣ, аз бузургтаринхислатҳои наҷиби инсонианд.Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷгоҳ дар зиндагӣ дар намемонад. Имрўз,ки насли наврас аксарият дорои хулқу атвори наку нестанд,аз бузургтарин ҷавҳар одоби накў натавонанд буд, ки нуқсони бузурги ҷмеъаи солим ин аст.Ингуна касон дар тарбияи оилав ба ростию росткорӣ ва ҳамдигарфаҳмию боадабӣ эҳтиёҷ доранд.Албатта, инсони комил ҳеҷгоҳ пайи хислатҳои номатлуб роҳравон нест. Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад.дар ҷамъомаду нишастҳое,ки зиёну бадӣ меоранд, иштирок намекунад.Маҳз ҳислатҳое,ки имруз ҷавонони мо ба он даст мезананд ин пеш аз ҳама бетарбиятӣ,дуздию мардумфиреби,авбошию бадмастӣ, кинавуҷуиву бешармӣ,ноадолатию разилӣ ва амсолиин ба қатори хислатҳои номатлубдохил мешаванд, ки инсонро ба қасоидиву беиффатӣ ва беобругию шармандагӣоварда мерасонад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо