ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Темурмалик вохурии навбатии худро бо ҷавонони ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик баргузор намуданд. Зимни мулоқот дар мавзуи Оиннома ва барномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» инчунин вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми неругоҳи барқи обии Роғун , рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳо гузаронида шуд. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир низ баромад намуда, оид ба суханронии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, вобаста ба ин хониши сиёсӣ, андешаҳои худро баён кард. Сипас, бо тарафдории ҳамаи иштирокчиён ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо