ХАТЛОН. Дар арафаи «Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» тибқи ҷадвали алоҳида бо ҷавонони ноҳия рӯзи 23 ноябр вохурӣ гузаронида шуд. Ҳадафи асосии мулоқот баҳри таҳкими ватандустию худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонону наврасон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоӣ ҷавонон буд. Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар назди ҳозирин оид ба таърихи 3000 солаи Парчамҳо маълумот дода оиди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ муффасал кард . Ҳамчунин дар бораи ба кор даромадани чархаи якуми неругоҳи барқи обии Роғун , оиди бемориҳои ВИЧ СПИД ва дигар масъалаҳо баромад кард. Дар мулоқот инчунин мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир вобаста ба ҷашни Парчам , тарбияи ҳарбӣ-ватандустии ҷавонон , Оинномаю Барномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромад кард. Ғайр аз ин ба ҷавонону наврасон варақаҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон тақсим карда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо