ХАТЛОН. Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ҷавонон хонандгони сифҳои болои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10»-и шаҳри Бохтар вохури баргузор намуд. Дар ин вохури намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан , роҳбари муассиса Кучарова Дилором ва омузгорон иштирок намудан. Саравал роҳбари муассиса Кучарова Дилором ба сухан баромада меҳмононро ба ҳамагон шинос намуда сипас суханро ба Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дод. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оиди «Баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ва пешгири намудани ҷавонон аз шомилшудан ба гуруҳои ифроти » фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуда, дар идома бахшида ба рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро табрику муборакбод намуда барору комёбиҳо орзу намуд. Сипас аз тарафи хонандагон ба ҳозирин конфронси илмӣ – адабӣ пешкаш гардид. Дар конфронс хонандагон маърӯзаҳо, шеърҳо, суруд бахшида ба рӯзи парчам қироат намуданд. Дар охир ба хотири болидахотири як рақс ва оҳанги зинда пешкаш гардид. Дар ҷамбаст Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан барои иштироки фаъолона дар ин конфронс минадори баён намуда бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар барои саҳми арзанда дар амали сохтани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба роҳбари муассиса ва хонандагони фаъоли ин конфронс тақдим карда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо