ДУШАНБЕ.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида баргузории вохӯриҳои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагон ва ҷавонон вохўрӣ доир шуд. Дӯстзода Афзалшо-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" нахуст иштирокчиёнро ба фаъолият шурӯъ намудани аввалин агрегати НБО-и "Роғун" ва ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта шуд, табрику шодбош намуда, таъкид доштанд, ки халқи тоҷик аз қадим дорои парчами ба давлатдории худ хосро доро буда, онро дар дилхоҳ ҷангҳои мазҳабию қавмӣ ба ҷон ҳам бошад соҳибӣ менамуданд. Ин буд ки халқи заҳматкаши тоҷик дар таърих миллати дорои фарҳангу тамаддуни бузург шинохта мешавад. Дар идома аз насли давравони соҳибистиқлолӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун насли ватандӯсту хештаншинос, худогоҳову меҳанпараст ба воя расида дар роҳи қадами устувор гузоштан ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо