ХАТЛОН. Санаи 17- ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО-и “Роғун” дар майдони марказии шаҳри Норак чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур ҷавонон аъзоёни бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар даст навиштаҷоту овезаҳо, ки дар онҳо Пешвои миллат ва НБО-и “Роғун” таҷассум ёфтаанд, бо шукргузорӣ аз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат ва сулҳу суботи кишвар дар маркази шаҳр роҳпаймоӣ намуданд. Дар чорабинӣ аз хизматҳои таърихӣ ва беназири фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони воқеии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳамзамон қайд гардид, ки Пешвои миллат яке аз шахсиятҳои бузургтарин ва бонуфузтарини таърихи халқи тоҷик маҳсуб мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму ирода ва нерӯи созанда ба халқу Ватанамон хизмат намуда, эътимоди мардуми мамлакатро соҳиб гаштааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо