ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кори роҳбари намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 19.11.2018 дар маҳаллаи Ҳамро Олимов ҷамоати деҳоти «Истиқлол»–и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯри дар мавзуи «Парчам рамзи ҳаёти осоишта»баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда ибрози андеша намуд, ки ки Парчам таърихи пайдоиши тўлони дошта, пайдоиши он ба замонҳои дур иртибот дорад, аз қадим кариб тамоми давлатҳо парчами худро доштанд. Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон, алалхусус дар замони давлати Сомониён таҷассумгари давлату давлатдории ин миллати куҳантаърих буд. Пас аз, ба истиқлолияти давлати расидани Ватани азизамон Шўрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Барои таҳия ва тасвири парчам озмуни ҷумҳуриявӣэълон гардид. Баъди ҷамбасти озмун, дар Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози миллат 16- Шўрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон парчами давлати тасдиқ гардид. Дар ҷаҳони имрўза ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути парчами он мешиносад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузори ба арзишҳои деринаи таърихӣва фарҳангию маънавии миллӣмебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣаз ҷумла муқаддасоти милливу давлатӣмаҳсуб мешавад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоиштаи, ваҳдати ҷовидонаи миллӣва умед ба фардои неки халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рў, эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ўро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо