ХАТЛОН. Бахшида ба 3 ҷашни муҳими таърихӣрўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва ба фаъолияти расмӣшурўъ намудани чархаи аввали Нерўгоҳи барқии обии Роѓун рўзи 16-уми ноябри соли равон намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо афсарону аскарони қисми низомии 0308 вохурӣсурат гирифт. Боис ба зикр аст,ки чорабинӣҷашнӣдар ҳамкории муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қисми низомии болозикр аз ҷониби КИН ҲХДТ ташкил карда шудааст. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор ба сухан баромада афсару аскарони қисми низомиро ба ҷашнҳои таърихии бузург табрику таҳният намуда ба Тоҷикистон фазои сулҳу амонӣхоҳон гашт. Баъдан фарҳангчиёни ноҳия,ки маҳз бо даъвати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба қисми низоми ташриф бурданд, бо хондани шеъру сурудҳои идона хотири афсарону аскаронро шод намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо