ХАТЛОН. Дар гимназияи давлатии ба номи Ҳокимшоҳ Ҳафизови ноҳияи Темурмалик рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтитоҳи чархаи якуми неругоҳи барқи обии Роғун конференсияи илмӣ- адабӣ баргузор гардид. Нахуст дар конференсия раиси ноҳияи Темурмалик Аслзода Эмомиддин Муҳриддин оид ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти ҷаҳонии неругоҳи барқи обии Роғун суханронӣ кард . Дар конференсияи илмӣ- адабӣ ҳамчунин як гуруҳ омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд. Дар идомаи конференсияи илмӣ- адабӣ дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фидокорони неругоҳи барқи обии Роғун шеърҳо қироат намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо