ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Пиров Фируз ва Муродали Шамсов бо аъзоёни фаъоли Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 баргузор гардид. Зимни вохури Муродали Шамсов дар бораи Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун ва ба истиқлолияти пурраи энергетики расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамомадагон суҳбат намуд. Номбурда қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетики мебошад. Бо ба кор даромадани агрегати якуми НБО Роғун мо ба истиқлолияти энергетики хеле наздик мешавем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузори ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарии Тоҷикистони азиз мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо