ШНТҶ.Таърихи 14 ноябри соли 2018 дар якҷоягӣ бо Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор конференсияи назариявӣ – омӯзишӣ дар коллеҷи тиббии шаҳр бо иштироки ҷавонону омӯзгорон таҳти унвони “Мо бо Пешвои миллат ифтихор дорем” баргузор гардид. Дар конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов, котиб ҳамоҳангсози Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ҳидоятулло Холов, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Комилҷон Шарипов, омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ Ҳамроев Фармон ва Салимова Дилфуза иштирок намуда, оид ба масъалаҳои “Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва муаррифгари давлати навини тоҷикон”, “Конститутсия ва Парчам рамзи соҳибистиқлолӣ” ва “Роғун-иншооти бузурги аср” суханронӣ намуданд.
Дар рафти конференсия махсус қайд карда шуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст. Имсол ба рӯзи Президент рост омадани санаи ифтитоҳи аввалин агрегати НБО “Роғун” басо рамзист, зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва инак дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад. Ин ҷашн шаҳодати равшани сипосу эҳтироми мардум ба хизматҳои фидокоронаи Пешвои миллат аст. Ин дар навбати худ ба Пешвои миллат дар талошҳои минбаъда барои хушбахтии миллат ва шукуфоии давлат нерӯи тоза мебахшад!
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо