ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣ тибқи нақшаи чорабинии худ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохурии навбатии худро бо ҷавонони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод таҳти унвонии «Садоқат ба Ватан мароми мост» баргузор намуданд. Зимни вохури Муродали Шасмсов иброз дошт, ки имрўз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдориамон расем. Дар охир масъулин ҷавононро ба сӯи ояндаи дурахшону садоқат будан ба ватан ва ҷомеаи солиму бо маърифат ҳидоят намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо