Санаи 21 феврали соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби рақами 17 ноҳияи Фархор гирифта, соли 2000 ба бахши рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Донишгоҳро соли 2005 бо гирифтани дипломи аълочӣ (сурх) аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос –омӯзгор хатм менамояд. Баъди хатмидонишгоҳ ҳуҷчатҳои худро ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, ба кори илмӣ машғул мешавад. Айни замон дар мавзуи «Танзимиҳуқуқӣ – граждании моликияти коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кори илмӣ анҷом медиҳад.
Фаъолияти меҳнатии худро ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) шурӯъ намуда, сипас дар кафедраи ҳуқуқи иқтисодии ҳамин донишкада то соли 2009 ба ҳайси ассистент ва муаллими калон фаъолияти меҳнатии худро идома додааст.
Соли 2009 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки Раҳмонзода Абдулло фаъолияти меҳнатии худро дар ин муассисаи илмӣ- тадқиқоти идома дода, дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва маориф, сармутахассиси шуъбаи қонунгузории андоз, гумрук ва фаъолияти бонкӣ ва муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ кору фаъолият менамояд.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ муаллифи чандин мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад, ки дар маҷалаҳои илмӣ ва нашрияҳои даврӣ дар мавзуҳои мухталифи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба табъ расидаанд. Ҳам муаллифи тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» мебошад, ки дар ҳамҷоягӣ бо дигар кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шудааст.
Иштирокчии чандин конфронс ва форумҳои байналмиллалӣ мебошад. Соли 2011 дар Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии Осиё(ICAAP2011) дар ноҳияи худмухтори Гуансии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва солҳои 2012 ва 2014 дар Форуми байналмиллалии ҷавонон «Авруосиёи ҷавон» дар шаҳри Сахкадзори Ҷумҳури Арманистон ва соли 2016 дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Иҷлосияи махсуси ҷавонон таҳти унвони «Ҷаҳон. Асри 21» ширкат варзидааст.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз моҳи январи соли 2013 дар Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос кору фаъолият менамояд.
Ҳамзамон аз моҳи июни соли 2015 Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» интихоб гардидааст.
Санаи 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани 12 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ гардидааст. Оиладор соҳиби чор фарзанд мебошад.