Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» (минбаъд- ТҶҶ «Созандагони Ватан») – иттиҳодияи ихтиёрии ифодакунандаи манфиати ҷавонон мебошад.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур, инчунин санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад ва зимни фаъолияти худ ба принсипҳои озодию баробарӣ ва қонуният такя менамояд.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» мақсадҳои Оиннома ва Барномавии ҲХДТ- ро эътироф ва дастгирӣ ва барои дар амал татбиқ гаштани онҳо ҷидду ҷаҳд менамояд.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонад молу мулки алоҳида, мӯҳр, суратҳисоби махсус дошта бошад ва дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои ӯҳдадориҳои аъзоёнаш ва аъзоёнаш барои ӯҳдадориҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҷавобгар намебошанд.
Номи пуррааш: Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», маҳалли ҷойгиршавии Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 107, Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» мебошад.
Мақсадҳои фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан»: - дар амал татбиқ намудани мақсад ва вазифаҳои Оинномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - иштирок дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа; - дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи онҳо; - ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ; - фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ, инчунин инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон; - баланд бардоштани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо дар идораи давлатӣ, корҳои ҳизбӣ ва маъракаҳои сиёсӣ; - дастгирии барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои пешбарикардаи он дар интихоботҳо; - татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар. - татбиқи дигар амалҳо, ки бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳуқуқ дорад: - дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд ва васоити ахбори омма, нашриёт ва сайтҳои интернетии худро таъсис диҳад; - маҷлисҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро бо тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд; - дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, суд ҳуқуқҳои худ, манфиатҳои қонунии аъзо ва иштирокчиёни худ, инчунин дигар шаҳрвандонро намояндагӣ ва ҳифз намояд; - аз рӯи масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ташаббусҳо баромад намояд, ба мақомоти давлатӣ пешниҳодҳо кунад; - аз мақомоти давлатӣ маълумоте гирад, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавӣ зарур аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; - дар байни сокинони Тоҷикистон ва берун аз он корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ барад ва аз байни ҷавонони лаёқатманд захираи потентсиалии ҳизбро ташаккул диҳад; - ғояҳои созанда ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ-ро дар байни омма таблиғу ташвиқ намояд; - тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагиро, ки он ба иҷрои мақсаду вазифаҳои оинномавӣ мусоидат менамояд, анҷом диҳад; - дар доираи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи Оинномаи мазкур барои пешбурди фаъолияти ташкилот имкониятҳои молию пулиро ҷустуҷӯ ва сафарбар намояд. - фаъолияти худро бо дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии ҷавонон, ки фаъолияти онҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, ҳамоҳанг созад; - барои татбиқи фаъолияти оинномавӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо мақсади гирифтани фармоишҳои иҷтимоӣ, грантҳо, стипендияҳо ва дигар афзалиятҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардида иштирок намояд; - бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳамкории илмию техникӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва истеҳсолӣ дар бораи расонидани хизмат ва иҷрои корҳое, ки ба татбиқи мақсад ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ нигаронида шудаанд, созишномаҳо ба имзо расонад; - мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳавию конструкториро амалӣ гардонад, лоиҳаю барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ манфиатбахшро аз санҷиши ҷамъиятӣ гузаронад, дар кори комиссияҳои муштарак оид ба баррасии онҳо иштирок намояд, ба шарте ки ин намудҳои фаъолият ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зид набошанд; - Шӯро, конференсия, мусоҳиба, семинар, симпозиум, намоишгоҳ, озмун, фестивал ва намоишҳои фарҳангию фароғатиро ташкил ва баргузор намояд; - бо мақсади ҷалби ҷавонони эҷодкор ва донишҷӯён шӯроҳои илмии муҳаққикон ва донишҷӯёнро таъсис диҳад ва фаъолияти онро тибқи Низомномаи алоҳида, ки ба Оинномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» зид нест, амалӣ намояд; - дар коркард, қабул, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон ва дигар лоиҳаҳои махсусан муҳими ба масоили ҷавонон алоқаманд фаъолона ширкат варзад; - дар кори тарғиботӣ ва ташвиқотии ҲХДТ фаъолона иштирок намояд; - робитаҳоро бо ташкилотҳои ҷавононони дигар давлатҳо муқаррар ва мустаҳкам намояд; - намояндагии худро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо кушояд; - дар чаҳорчӯбаи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ машғул шавад. (Фоидаи аз ин гуна фаъолият ба дастомада наметавонад дар байни аъзоён тақсим карда шавад ва он танҳо бо мақсади амалисозии вазифаҳои Оинномавӣ харҷ карда мешаванд.) - дигар ҳуқуқҳоро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зид нест, амалӣ намояд.
Вазифаҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»: - Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва меъёрҳои пешбиникардаи Оинномаро риоя намояд; - ҳар сол ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи идомаи фаъолияти оинномавии худ, бо нишон додани ҷои воқеии ҷойгиршавии мақомоти роҳбарикунанда, номи он ва дар бораи роҳбарони иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот пешниҳод намояд; - бо дархости мақомоти бақайдгиранда қарорҳои мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи фаъолияти худ гузориш пешниҳод намояд; - намояндагони мақомоти бақайдгирандаро ба чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегузаронад, роҳ диҳад; - ба намояндагони мақомоти бақайдгиранда дар кори шиносшавӣ бо фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад; - ҷавононро ба ҷараёни бунёди ҷомеаи демократӣ, давлати иҷтимоию адолатхоҳ чалб намояд; - дар ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, муносибати некхоҳона ба рамзҳои давлатӣ, арзиш ва мероси фарҳангӣ, забон ва расму ойин ва анъанаҳои мардуми Тоҷикистонро тарбия намояд; - ба амалишавии мақсадҳои Оинномавӣ ва Барномавии ташкилоти мазкур, ҲХДТ ва сиёсати давлатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошад; - дар фаъолият оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар ҳуқуқҳои ҷавонон иштирок намояд; - ба амалишавии ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии худ, ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда мусоидат намояд; - ҷавононро ба раванди таҳкими соҳаи иқтисодиёт, демократикунонии ҷомеа, таъмини суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди бомароми ҷамъияту давлат ҷалб намояд; - ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим, таҳсил ва меҳнат ташвиқ намояд; - ба рушди соҳибкории ҷавонон мусоидат намояд; - ташаббусҳои муҳими иҷтимоии ҷавононро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намояд; - ба шароити зист, тарбияи ҷисмонӣ ва руҳияи ҷавонон, рушди варзиш, туризм ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мусоидат намояд; - ҷавононро дар руҳияи ҳурмату эҳтиром ва қадрдонӣ ба калонсолон тарбияи намояд; - ба рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии ҷавонон мусоидат намояд; - ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҷавонон ва ҳимояи онҳо аз ҳар гуна худсарӣ, инчунин пешгирӣ ва кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонони кишвар бо роҳи бурдани ташвиқоти ҳуқуқӣ мусоидат намояд; - ба татбиқи ташаббусҳои моҳияти иҷтимоидошта, фаъолияти муфиди ҷамъиятии ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷавонон мусоидат намояд; - барои ҳавасмандгардонии мустақилияту масъулияти иҷтимоии ҷавонон ва фаъолияти созандаи онҳо дар ҳалли вазифаҳои умумимиллӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии ҷавонон шароит муҳайё созад; - ба таҳкими суботи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд; - ба эҳё ва рушди арзишҳои фарҳангию маънавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд; - дар мақомоти намояндагӣ тибқи муқаррароти қонун иштирок намояд; - манфиатҳои қонунии аъзо ва ҷонибдорони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳимоя намояд; - доираҳои васеи ҷавонони шаҳру деҳотро дар ҳалли мусолиҳаомези масъалаҳои сиёсӣ, ба хусус ҳизбӣ ҷалб намояд; - оиди дастгирии номзадҳои ҲХДТ дар маъракаҳои интихоботӣ ташвиқот ва номзадии ҷавонони арзандаро тариқи ҳизб ба мақомотҳои роҳбарикунанда ва намояндагӣ пешбарӣ намояд; - нерӯи навҷӯёнаи ҷавонон ба манфиати давлату ҷамъият, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва худи чавонон истифода барад; - маҷлису мубоҳисаҳо, фестивалҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳое, ки қонун муқаррар кардааст ташкил намояд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 14 кам набуда, принсипҳои таъсис ва мақсади фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро ҷонибдорӣ мекунанд, Оинномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро эътироф намуда, оид ба татбиқи сиёсати ТҶҶ «Созандагони Ватан» вобаста ба имкониятҳои худ омода ва ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ гиранд, метавонанд аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бошанд.
Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, барномаҳо ва мақсадҳои Оинномавии ҲХДТ-ро дастгирӣ мекунанд, метавонанд ҳамзамон аъзои ҲХДТ бошанд.
Қабул ба узвияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» тибқи аризаи хаттии дохилшаванда дар асоси тавсияи ду узви ТҶҶ «Созандагони Ватан» сурат мегирад.
Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» вазифадоранд, ки дар қайди намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар воҳидҳои маъмурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, бошанд.
Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» мутобиқи Оинномаи мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд.
Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад: - баромадан бо хоҳиши худ дар асоси аризаи хаттӣ; - содир кардани амале, ки ба манфиати ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар аъзоёни ин иттиҳод зарар мерасонад; - содир кардани кирдоре, ки қонунгузории амалкунанда ҷиноят эътироф намудааст ва ҳукми суд нисбати он қувваи қонунӣ пайдо намудааст; - зидди ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад менамоянд; - дар сурати аз ҷониби суд ғайриқобили амал дониста мешаванд; - ҷойи зисти доимиро иваз менамоянд; (ба беруни кишвар); - ҳангоми фавт;
Тартиби бақайдгирии аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» тибқи Низомномаи махсус, ки аз ҷониби Шӯрои Марказӣ қабул карда мешавад, сурат мегирад.
Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» чунин ҳуқуқ доранд: - дар ҳамаи мақомоти ТҶҶ «Созандагони Ватан» интихобкунанда ва интихобшаванда бошад; - дар ҳамаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намояд; - лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои барномавиро пешниҳод ва оиди такмилу пешбурди фаъолияти иттиҳодия фикру ақидаҳои худро пешниҳод намояд; - назари хосаи худро дар сурати норозӣ будан ба ақидаи аксарияти аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иброз намояд; - дар кори дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, агар ҳадафу вазифаҳои он ба Оинномаи мазкур мухолифат надошта бошад, иштирок намояд; - бо аризаи хаттӣ озодона оиди аз сафҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромадан муроҷиат намояд; - дар бораи фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» маълумоти пурра гирад; - дигар ҳуқуқҳоро, ки аз қонунгукзории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ созад.
Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» вазифадор аст: - ҳамаи муқаррароти Оиннома ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро риоя кунад ва барои баланд бардоштани нуфузи он ҷидду ҷаҳд намояд; - ҳамаи қарорҳои Конференсия, Шӯрои Марказӣ ва Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро мутобиқи Оинномаи мазкур ва ӯхдадориҳое, ки гирифтаанд, иҷро намояд; - дар сурати надоштани ваколати марбута аз номи ТҶҶ «Созандагони Ватан» изҳорот пахш накунад ва бе дастури он ягон амалро анҷом надиҳад; - дар амалӣ гардондани ҳадафу вазифаҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намояд; - барои ҷалби аъзоёни нави ТҶҶ «Созандагони Ватан» корҳои ташвиқотиро анҷом дода, баҳри зиёд намудани аъзоён ва ҷонибдорон ҷидду ҷаҳд намояд; - дар чорабиниҳои ташкилнамудаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолона иштирок намояд ва кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ба манфиатҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» зарар ворид насозад; - дигар вазифаҳоеро, ки аз талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ, Роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Оинномаи мазкур бармеоянд, иҷро намояд.
Сохтори ташкилии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз рӯи принсипи ҳудудӣ сохта шуда, дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» таъсис дода мешавад.
Мақоми олии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Конференсия мебошад, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» даъват карда мешавад. Конференсияи ғайринавбатии ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонад бо қарори Шӯрои Марказӣ пеш аз мӯҳлат низ даъват карда шавад.
Кори Конференсия салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар он беш аз 50 фоизи вакилон иштирок намоянд. Меъёри вакилон бо пешниҳоди Раис ва қарори Шӯроки Марказӣ муқаррар ва аз ҷониби намояндагиҳо дар маҷлисҳои умумӣ интихоб карда мешаванд.
Масъалаҳое, ки баррасии онҳо салоҳияти истисноии Конференсия мебошанд: - қабули Оинномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан», дохил кардани тағйиру иловаҳо ба он; - дар мӯҳлати ду сол интихоби Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар як вақт Раиси Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад, аъзои Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - интихоби Комиссияи назоратӣ - тафтишоти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва раиси он; - шунидани ҳисоботи Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Раиси Комиссияи назоратӣ - тафтишотӣ оид ба фаъолияти дусолаи онҳо; - қабули қарор дар бораи таҷдиди сохтори ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - қабули қарор дар бораи қатъи фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва интихоби Комиссияи барҳамдиҳӣ;
Ҳамаи қарорҳое, ки ба салоҳияти истисноии Конференсия марбутанд, бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи вакилоне, ки дар Конференсия иштирок доранд, қабул мегарданд.
Вакилони Конференсия дар маҷлиси умумии намояндагӣ ва бахшҳои маҳаллии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз рӯи меъёр (квота)-е, ки Шӯрои Марказӣ муқаррар кардааст, интихоб карда мешаванд.
Раис ва аъзои Комиссияи назорату тафтишот ба мӯҳлати ду сол интихоб мешаванд ва онҳо наметавонанд дар ТҶҶ «Созандагони Ватан» ягон вазифаи дигар дошта бошанд.
Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар мувофика бо Роҳбарияти ХХДТ дар Конференсия ба мӯҳлати ду сол интихоб мешавад ва бо ҳуқуқи овоздиҳӣ ширкат менамояд.
Мақоми роҳбарии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар фосилаи байни конференсияҳо Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад, ки онро Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» раисӣ менамояд.
Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз 27 нафар иборат буда, дар Конференсия барои татбиқи сиёсати ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва қарорҳои Конференсия ҳамчун мақоми роҳбарикунанда интихоб карда мешаванд;
Мӯҳлати ваколати Шӯрои Марказӣ ду сол аст;
Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» на камтар аз як бор дар шаш моҳ бо фармоиши Раиси Шӯрои Марказӣ даъват карда мешаванд;
Шӯрои Марказӣ ҳуқуқ дорад, ки аз рӯи ҳар гуна масъала, ба ғайр аз масъалаҳое, ки салоҳияти истисноии Конференсия ва Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошанд, қарор қабул намояд.
Салоҳияти Шӯрои Марказӣ: - дар ҳолатҳои зарурӣ то баргузории Конференсияи навбатӣ интихоб намудани иҷрокунандаи вазифаи Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - бо пешниҳоди Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» интихоб кардани муовинони Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бозхонд кардани онҳо; - дар ҳолати зарурӣ муайян кардани ҳаҷми аъзоҳаққӣ ва мӯҳлату фосилаи пардохти он; - таъмини иҷрои қарорҳои Конференсия; - тасдиқи сабту қайди намояндагии маҳаллии ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - тасдиқи маблағҳои дахлу харҷ ва буҷети ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - қабули қарор дар бораи даъват намудани Конференсияи навбатӣ ва ғайринавбатии ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - додани ваколат ба аъзои Шӯрои Марказӣ барои баромад кардан аз номи ТҶҶ «Созандагони Ватан»; - муайян кардани меъёри вакилон ба Конференсия аз намояндагиҳои маҳаллии ТҶҶ «Созандагони Ватан»;
Қарори Шӯрои Марказӣ дар бораи тасдиқи дахлу харҷ ва буҷети ТҶҶ «Созандагони Ватан», барҳам додани намояндагӣ бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои Марказӣ қабул карда мешавад.
Роҳбарии доимии фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз ҷониби Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» амалӣ гардонда мешавад.
Салоҳиятҳои Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»: - роҳбарии умумии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Раиси Шӯрои Марказиро амалӣ менамояд; - аз номи ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромад карда, онро дар ҳамаи мақомоти давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунад; - дар санадҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Шӯрои Марказии он, аз ҷумла дар ҳуҷҷатҳои молиявӣ имзо мегузорад; - Конференсияи ТҶҶ «Созандагони Ватан»- ро ташкил карда, кори онро роҳбарӣ мекунад; - аз рӯи вазифа Раиси Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонад аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бошад; - аз болои иҷрои қарорҳои Конференсия назорат бурда, расондани қарорҳои Конференсияро ба аъзои Шӯрои Марказӣ, аъзои Комиссияи назорату тафтишотӣ, шӯъбаҳо ва бахшҳои маҳаллӣ таъмин мекунад; - дар доираи ваколатҳои худ ба аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» супориш медиҳад; - ба таъсиси сохторҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва такмили онҳо роҳбарӣ мекунад; - санадҳои барномавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро таҳия ва имзо менамояд; - ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ва молиявиро имзо мекунад; - фаъолияти Шӯрои Марказиро роҳбарӣ мекунад; - баргузории ҷаласаи Шӯрои Марказиро ташкил менамояд; - расонидани қарорҳои Шӯрои Марказиро ба аъзои он, аъзои Комиссияи назорату тафтишот, намояндагиҳои маҳаллӣ таъмин мекунад; - иҷрои қарорҳои Шӯрои Марказиро назорат мекунад; - дигар салоҳиятҳоро, ки ба талаботи қонунгузорӣ ва Оинномаи мазкур зид нест, амалӣ менамоянд;
Комиссияи назоратӣ - тафтишотӣ ба Конференсия ҳисоботдиҳанда буда, фаъолияти молиявию хоҷагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро тафтиш ва назорат мекунад.
Комиссияи назоратӣ - тафтишотӣ ҳама гуна қарори мақомоти интихобӣ ва роҳбарии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро, ки ба талаботи ин Оиннома мухолиф аст, метавонад то ҳалли ниҳоии масъалаи мазкур дар Конференсия барои бекор кардан ва ё муваққатан боз доштан пешниход намояд;
Раиси Комиссияи назоратӣ - тафтишотӣ ва аъзои он дар Конференсия интихоб карда мешаванд;
Аъзои Комиссияи назоратӣ - тафтишотӣ ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои Марказӣ бо ҳуқуқи овози машваратӣ ширкат варзанд ва бо ҳамаи асноди ТҶҶ «Созандагони Ватан» шинос шаванд;
Дар сурати номумкин шудани иҷрои вазифаҳои Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо сабабҳои вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо то даъвати Конференсияи навбатӣ бо қарори Шӯрои Марказӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ташкилот интихоб карда мешавад;
Намояндагиҳои маҳаллии ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонанд дар қаламрави як воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва ҳам дар қаламрави якчанд воҳиди маъмурию ҳудудӣ амал намоянд;
Қарор дар бораи таъсиси намояндагиҳои маҳаллиро Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур қабул мекунад;
Намояндагиҳои маҳаллии ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва Низомномаи махсус, ки аз чониби Шӯрои Марказӣ тасдиқ шудааст, амалӣ мегардонанд.
Намояндагиҳои маҳаллии ТҶҶ «Созандагони Ватан» шахси ҳуқуқӣ намебошанд;
Мақоми олии намояндагиҳои маҳаллӣ Маҷлиси умумӣ мебошад, ки вобаста ба минтақа аъзо интихоб менамоянд ва Маҷлиси умумии онҳо на камтар аз як маротиба дар ним сол ва дар ҳолати зарурат ҳар вақт гузаронида мешаванд;
Роҳбари намояндагӣ бо пешниҳоди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар минтақаҳо ва бо розигии Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар маҷлисҳои умумӣ интихоб ва бозхонд карда мешаванд;
Харҷи воситаҳои молиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои татбиқи мақсадҳои Оинномаи мазкур сурат мегирад.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонад мӯҳри мудаввар, мӯҳри чоргӯша, рамз, суратҳисоби бонкӣ ва бо номи худ бланкаҳо дошта бошад.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар истифодаи худ метавонад қитъаҳои замин, бино, иншоот, хазинаи манзилӣ, фондҳо, нақлиёт, таҷҳизот, асбобу анҷом, воситаҳои таъиноти фарҳангию маърифатӣ ва солимгардонӣ, воситаҳои пулӣ, саҳмия, қоғазҳои қимматнок ва ғайра, ки тибқи Оиннома барои таъминоти моддии фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» заруранд, дошта бошад;
Дар истифода ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонад нашриёт, матбаа, воситаҳои ахбори омма таъсис диҳад.
Воситаҳои молиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбад:
- маблағҳои хайриявӣ ва пардохтҳои ихтиёрӣ;
- ҷамъоварии ҳаққи узвият;
- гирифтани грантҳо;
- ташкили фондҳо;
- маблағҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки тибқи Оинномаи мазкур аз гузаронидани намоишгоҳҳо,
лотереяҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва ғайра ворид шудаанд;
- даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар воситаҳои молиявие, ки хилофи талаботи
қонунгузории амалкунанда ва Оинномаи мазкур набошад.
Моликияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» мутобиқи харҷномае масраф мешавад, ки он ҳар дафъа дар аввали сол аз ҷониби Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасдиқ карда мешавад.
Барои амалӣ кардани ҳадафу вазифаҳо ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар мувофиқа бо роҳбарияти ҲХДТ
метавонад:
- дар кори конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, кунгураю семинарҳо, мизҳои мудаввар ва
дигар чорабиниҳо, аз ҷумла дар хориҷа иштирок намояд;
- алоқаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ғайраро ба роҳ монад;
- аъзои худро барои хондан ва таҷрибаомӯзӣ ба хориҷа фиристад;
- кунгураҳо, анҷуманҳо, симпозиумҳо, семинарҳо, конференсияҳои матбуотӣ, мизҳои мудаввар,
чорабиниҳои варзишиву фароғатӣ ташкил намояд.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонад ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии ҷавонон аъзо шуда, мутобиқи мақоми ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ соҳиби ҳуқуқу масъулият бошад ва бо онҳо робитаи мустақими тарафайн дошта, бо иттиҳодияҳои хориҷии ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии ҷавонон созишномаҳо ба имзо расонад.
Ҳамаи тағйиру иловаҳо ба Оинномаро Шӯрои Марказӣ ворид намуда, баъдан дар Конференсия барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
Шӯрои Марказӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома аъзои гурӯҳи кориро таъсис медиҳад.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» метавонад рамз, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви ТҶҶ «Созандагони Ватан» -ро дошта бошад.
Рамзи ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо пешниҳоди Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар мувофиқа бо КИМ ҲХДТ барои тасдиқ ба Шӯрои Марказӣ пешниҳод мегардад.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолияти худро бо пешниҳоди Шӯрои Марказӣ, ки бо КИМ ҲХДТ мувофиқа шуда, Конффренсия дар ин хусус қарор қабул намудааст, бо таъсис додани Комиссияи барҳамдиҳӣ қатъ мегардад.
Баъди тасдиқи қарори барҳамдиҳӣ ва анҷоми ҳамаи ҳисобу китоб, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди қарздиҳанда ва буҷет Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст, ки воситаҳои молиявӣ ва амволии мавҷударо ба мақсадҳое сарф намояд, ки Оинномаи мазкур пешбинӣ кардааст ё ки дар сурати азнавташкилкунӣ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ созад.